Се ширкат аз Тоҷикистон барандагони ҷоизаи ҷаҳонии туризм шуданд

Дар рейтинг минтақавии кишварҳои Осиё, Тоҷикистон чизе ба даст наовард, аммо коршиносони World Travel Awards 2020 се ширкати пурқувваттарини ин кишварро муайян карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 ноябр - Sputnik. Барандагони Travel Awards 2020, бузургтарин ҷоиза дар бахши сайёҳӣ ва меҳмоннавозӣ, эълон шуданд.

Кумитаи рушди сайёҳӣ: шумори гардишгарон хориҷӣ дар даврони пандемия ба маротиб коҳиш ёфт

Ветнам аксари ҷоизаҳоро дар байни номзадҳои кишварҳои Осиё ба даст овард, инчунин мутахассисон аксар вақт Ҷопон, Чин ва Тайландро дар алоҳодагӣ қайд карданд.

Ҳиндустон ва Филиппинҳо дар ду номинатсияи марбут ба истироҳати обӣ ҷоизаи пешсафи Осиёро гирифтанд.

Аммо, се ширкат аз Тоҷикистон дар номинатсияҳои сатҳи ҷумҳурӣ ҷоиза гирифтанд.

Меҳмонхонаҳои Панҷакент ба системаи ҷаҳонии иҷорагирии Booking дохил шудаанд

Меҳмонхонаи панҷситорадори Серена дар Душанбе беҳтарин меҳмонхонаи кишвар, агентии AAA-Tours беҳтарин оператори сайёҳӣ ва World Roof Tours агентии пешбари сайёҳии Тоҷикистон дониста шуданд.