Чашмҷангу вазнченкунии Тайсон ва Ҷонс пеш аз муштзании таърихӣ-видео

Қабл аз сабқати таърихии ду чеҳраи шинохтаи олами варзиш - Майк Тайсон ва Рой Ҷонси хурдӣ маросими баркашидани вазн ва чашмҷанги рақибон баргузор шуд
Sputnik

Сабқати Тайсон ва Ҷонси хурдӣ субҳи 29 ноябр тақрибан соати 7:30 бо вақти Душанбе баргузор хоҳад шуд. Тибқи қавоиди маъмул, як шабонарӯз пеш аз рақобат муштзанҳо вазнашонро чен карданд.

Дана Уайт: Ман ҳанӯз шарт мебандам, ки Ҳабиб рекорди 30:0 мегузорад. Инро падараш мехост

Рой Ҷонс бо вуҷуди талошаш барои расидан ба вазни Тайсон дар ниҳоят 5 кило сабуктар аз ӯ баромад. Маълум шуд, ки вазни Тайсон 99,8 кило ва аз Рой Ҷонс 95,2 килоро ташкил медиҳад.

Баъдан чашмҷанги рақибон баргузор шуд, ки зимни он миёни ду муштзан шиша гузошта шуда буд.

То ҳол Тайсон - 58 сабқат гузарондааст, ки дар 50 адад, аз ҷумла дар 44 сабқат бо накаут пирӯз шудааст. Рой Ҷонси хурдӣ 75 сабқат, 66 пирӯзӣ ва 47 нокаут дорад.

Ин нахустин майдондории Тайсон баъди соли 2005 ва Рой Ҷонс баъди соли 2018 мебошад. Рой Ҷонс инчунин шаҳрвандии Русияро низ дорад.