ДУШАНБЕ, 27 ноя – Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, туман мефарояд. Ҳарорати ҳаво шабона 1+3 дараҷа гарм ва рӯзона 13+15 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар ноҳияҳо туман мефарояд Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво ҳамчунин тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0-5 дараҷа хунук мешавад. Рӯзона ҳаво 4+9 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 16-21 дараҷа хунук ва рӯзона 4-9 дараҷа хунук мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, дар ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.