Шарҳи ВУД дар бораи қазияи писари Маҳмурод Одинаев-видео

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри як гузориш қазияи латукӯби Шайхмуслиҳиддин Ризоев, писари Маҳмурод Одинаев, ноиби раиси ҲСДТ-ро шарҳ додааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 ноя – Sputnik. ВУД ба фаъолияти сиёсии Одинаев рабт доштани латукӯби писараш - Шайхмуслиҳиддин Ризоевро рад карда, изҳор доштаст, ки ӯ аз ҷониби Имомиддин Амиршоев, муҳофизи тарабхонаи “Шоми Шӯроб” латукӯб шудааст.

Шарҳи худсӯзии Ҳоҷӣ Зариф пеши идораи молия: аз 21,5 ҳазор сомонӣ қарз то таъсири Сovid-19

Ба иттилои манбаъ, ҳодиса тақрибан соати 2-и шаб дар ҳоле рух додааст, ки муҳофизони тарабхона хостаанд, духтар Шаҳноза Саидоваро аз дасти Ризоев халос кунанд.

Шаҳноза Саидова дар гузориш гуфтааст, ки бо мошини Ризоев назди тарабхона омадааст, аммо пулро надода, изҳор доштааст, ки маблағро дугонааш медиҳад, аммо ронанда бовар накардааст ва муноқиша рух додааст.

Худи Ризоев дар шарҳи қазия изҳор дошт, ки духтари мусофирро аз роҳ савор карда, то пеши тарабхонаи “Шоми Шӯроб”-и деҳаи Шӯроби шаҳри Ҳисор бурд, аммо духтар гуфт, ки маблағро дугонааш медиҳад, ки дар тарабхона аст. Ӯ афзуд, ки дар тарабхона дугонаро наёфт ва вақте баромад, Саидова аллакай ба дигар мошин савор шуданӣ буд.

“Ман ӯро аз даруни мошин кашида фаровардам, якто задам, ки бачаҳо тарафи ман давида маро заданд”, - гуфт Шайхмуслиҳиддин Одинаев.

Маҳмурод Одинаев, ноиби раиси ҲСДТ, қаблан дар расонаҳо аз латукӯби писараш, ки таксӣ меронад,  хабар дода, эҳтимолан онро ба фаъолияти сиёсии худ рабт дод.

Ин дар ҳолест, ки бар асоси хабарҳои нашршудаи охир Маҳмурод Одинаев тайи рӯзҳои охир нопадид шудааст.

Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон дар ин бора шарҳе ироа накардаанд.