ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Бино бар иттилои хабаргузории “Парстудей” дар истинод ба пойгоҳи итилоърасонии Муассисаи фарҳангии ЭКО, дар ин албоми навоҳову сурудҳои устодони мусиқии тоҷик ҳамчун Боймуҳаммад Ниёзов, Ҷӯрабек Муродов, Абдуллоҳ Султон, Муродбек Насриддин, Ҷӯрабек Набиев, Ҷамшед Эргашов, Абдувалӣ Ҷалолов, Баҳрулло Абдуллоев, Маҳмадулло Қурбон, Маҳмадсаид Аҳмадов, Субҳони Саид ва Ғуломҷон Мирдадоев ба сурати савтӣ фароҳам омадаанд.
Ёдовар мешавем Муассисаи фарҳангии ЭКО ба ифтихори ҷашни 700- солагии Хоҷа Камол чанде пеш китобҳои "Рӯзгор ва осори Камоли Хуҷандӣ", асари доктор Бадриддин Мақсудзода ва "Чиҳил дарси Камол" - 40 мухаммаси Сурайё Ҳасансултон - шоири тоҷик бар ғазалиёти Камолро бо хати форсӣ чоп намуд.
Нашри 50 ашъори Камоли Хуҷандӣ ба забони олмонӣ
Камоли Хуҷандӣ, шоири баландовозаи форсизабони тоҷикистонӣ, ки бо ғазалҳои шӯрангезаш шуҳраи офоқ аст, дар Хуҷанд мутаваллид ва дар Табрез ба хок супурда шудааст.