ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз нашрияи New Zealand Herald, Зина Алӣ, сухангӯи полиси ин кишвар гуфт, ки ҳадафи онҳо эҷоди нерӯи " фарогир " аст, ки бозтобдиҳандаи " гуногуниҳо " дар кишвар бошад ва худи ӯ ба унвони як афсари полис, аввалин маъмури боҳиҷоб хоҳад буд, ки дар ин тарҳи миллӣ мушорикат мекунад.
Зино Алӣ, ки як муҳоҷири мусулмони мутаваллиди ҷазоири Фиҷӣ аст ва дар даврони кӯдакӣ ҳамроҳи хонаводааш ба Зеландияи муҳоҷират карда гуфтааст, ки пас аз ҳамлаи террористии моҳи марти соли 2019 ба масҷиди шаҳри Черч Christ Church, тасмим гирифта ба нерӯи полиси Зеландияи Нав бипайвандад.
Арзиши гаронтарин ҳиҷоб дар ҷаҳон муайян шуд
Бар асоси ин гузориш , пеш аз ин низ полиси метроролитени Лондон дар соли 2006 ва полиси Шотландия дар соли 2016 гузинаи либоси форми афсарони полис бо ҳиҷобро пешниҳод ва тасвиб карда буданд.