Беқурбшавии сомонӣ дар Тоҷикистон идома меёбад: қурби доллар боз боло меравад

Тибқи таҳлилу дурнамои Бонки рушди АвруОсиё пули миллии Тоҷикистон аз таъсири пандемияи вируси корона ба зуди ба худ намеояд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. То моҳи ноябри соли равон пули миллии Тоҷикистон дар нисбат  ба доллари амрикоӣ дар қиёс ба 31 декабри соли 2019 16 дарсад коҳиш ёфтааст, гуфта шудааст дар гузориши Бонки рушди АвруОсиё.

Бонки рушди АвруОсиё: ММД-и Тоҷикистон баъд аз пандемия дар соли 2022 барқарор мешавад

Ҳар ду даври беқурбшавии сомонӣ ба авҷи паҳншавии вируси корона дар моҳи март ва ноябр рабт дода мешавад.

Тибқи гузориши Бонки рушди АвруОсиё ислоҳи қурбӣ имкон дод қурби сомониро дар шароити камшавии интиқоли пул ва коҳиш ёфтани сармоягузориҳои мустақим ба кишвар ба нишондиҳандаҳои сатҳи асоснок фундаменталӣ наздик кард.

Дар ҳамин ҳол, Бонки рушди АвруОсиё пешгӯи кардааст, ки беқурбшавии пули милллии Тоҷикистон  дар оянда низ идома хоҳад ёфт.

Дар сурате, ки агар пандемия коронавирус ба иқтисоди ҷаҳон таъсирҳои дигар нарасонад тибқи гузориши Бонк ин раванди беқурбшавӣ дар соли 2021 ва 2022 идома хоҳад ёфт.