Аҳолии Тоҷикистон чанд миллион шуд?

Агентии омори Тоҷикистон эълом кард, ки теъдоди ҷамъияти Тоҷикистон ба 9 миллиону 444 ҳазору 250 нафар расидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Дар 10 моҳи ахири соли ҷорӣ, аҳолии Тоҷикистон бо рушди беш аз 2 дарсадӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба 9 444 250 нафар расидааст.

Шумораи дақиқи аҳолии Тоҷикистон маълум шуд

Хабаргузории "Парс тудей" ба такя ба иттилои Агентии омор хабар медиҳад, ки аҳолии вилояти Хатлон ба 3 миллиону 400 ҳазор нафар, вилояти Суғд 2 миллиону 700 ҳазор, ноҳияҳои тобеи марказ  ба 2 миллиону 200 ҳазор нафар баробар шудааст.

Ҳамчунин дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 230 500 нафар ва дар шаҳри Душанбе 871 ҳазор нафар ба сар мебаранд.

Қаблан, Созмони Милали Муттаҳид пешгӯӣ намуда буд, ки аҳолии Тоҷикистон то чӣ андоза тағйир меёбад.

Тибқи дурнамои СММ то соли 2100 аҳолии ҷумҳурӣ 2,5 баробар зиёд шуда, ба беш аз 25 миллион нафар мерасад.

Ҷамшед Табарзода гуфт, чанд фоизи аҳолии Тоҷикистон ба оби нӯшокӣ дастрасӣ надоранд

Дар ҳамин ҳол, то соли 2030 аҳолии Тоҷикистон ба 12 миллион нафар ва дар соли 2040 ба 14 миллион нафар хоҳад расид.

Аҳолии Тоҷикистон дар соли 2020 ба 9,5 миллион нафар мерасад

Ҳанӯз соли 2019 Ҳукумати Тоҷикистон барномаи давлатии ҷадид, ки ба солимии репродуктивӣ марбут аст, пиёда намуд.

Ин барнома метавонад аз ҳамли нохостаи беш аз 450 ҳазор занон дар қаламрави ҷумҳурӣ пешгирӣ кунад. Он замон мутахассисони Вазорати тандурустӣ гуфтаанд, ки агар барномаи нав дуруст амалӣ шавад, имкон медиҳад, дар Тоҷикистон дар муддати 3 соли оянда аз 450 ҳазор ва аз ин ҳам бештар таваллуди нохоста пешгирӣ шавад.

Ёдовар мешавем, ки аҳолии Тоҷикистон дар соли 1991 ба 5 миллиону 400 ҳазор нафар баробар буд.