Дурнамои тозасозии Қарабоғ аз минаҳо

Майдонҳои минагузоришуда, лавозимоти нотаркида, дастгоҳи худсохти таркишӣ мушкили асосии ҳар минтақа баъди даргирӣ ба ҳисоб мераванд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 ноя – Sputnik. Александр Хроленко. Безараргардонии манотиқи амалиёти ахири низомӣ ва дигар навоҳии Қарабоғи Куҳӣ садҳо километри мураббаъро фаро мегирад. Ин кор захираҳои молии бузург ва даҳсолаҳо меҳнатро талаб дорад, то заминҳои мазкур ба гардиши хоҷагидорӣ ворид карда шаванд.  

Аз Ангола то Тоҷикистону Югославия: сулҳбонҳои Русия дар куҷо хидмат мекунанд?

Далели хатари пайваста дар ин кор таркиши 23 ноябр дар наздикии деҳаи Мадагиз мебошад, ки низомиёни Озорбойҷон, Русия ва кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи ҷумҳурии эътирофнашудаи Қарабоғи куҳӣ ба он дучор гардиданд. Чунин хатарҳо ҳамарӯза дар сари роҳи сулҳбонҳо, безараргардонҳо ва наҷотдиҳандагон мебошанд.

Ба фурудгоҳҳои шаҳри Ераван рӯзи гузашта беш аз 100 низомии Маркази байналмилалии зиддиминии Вазорати дифои Русия ва 13 адад техникаи низомию махсус интиқол дода шуданд. Муҳандисони ин воҳид имрӯз масири Ереван - Горис – Степанакертро аз назар мегузаронанд.

Деги ҷӯшони Афғонистон: аз ихроҷи нирӯҳои Амрико кӣ бурд мекунад

Воҳидҳои пешоҳанги сапёрҳо аллакай 23 ноябр ба безараргардонии маҳал, роҳ ва иншоот дар Қарабоғи куҳӣ  оғоз карданд. Вазифаи аввалиндараҷа тозасозии мақари низомиён, масири ҳаракати сулҳбонҳо миёни постгоҳҳо ва инффрасохторҳои алоҳида мебошанд.

Танҳо дар як қисмат сапёрҳои Русия ҳудуди 30 минаи зиддитанкиро безарар гардонданд. Тибқи маъмул, лавозимоти кашфшуда дар майдони махсус ё дар ҷои ёфтшуда тарконда мешаванд.

Ба кори вазнин мутахассисони Маркази зиддиминавии артиши Русия тибқи меъёрҳои муқарраркардаи СММ омода карда шуда, дорои техникаи муосир, минаҷӯйҳои ИМП-С2, низомҳои роботии "Уран-6" мебошанд. Дастгоҳҳои муосири ҷустуҷӯ хатар барои ҷони низомиёни Русия дар Қарабоғи куҳиро кам мекунанд, аммо бартараф не.

Мушкилоти амалиёт

Даргириҳои муосири маҳаллию минтақавӣ бо хусусиятҳои хоси истифодаи минаҳо, аз ҷумла қапқонҳои минаӣ, фугасҳои наздироҳӣ ва ва дигар “сюрприз”-ҳо дар минтақаи амалиёти фаврӣ фарқ мекунад.

Қарабоғи куҳӣ: махсусиятҳои хизмати сулҳҷӯёни Русия

Ба далели камбуди артишу лавозимот барои ташкили тактикии мудофиа барои мисол дар масофаи беш аз 100 километрии ҷабҳа, ҷонибҳои даргир таваҷҷуҳи асосиро дар минтақаҳои алоҳида мутамарказ мекунанду “холигоҳ”-ҳоро бо мина пур месозанд.

Дар Қарабоғи куҳӣ асосан минаҳои зиддитанкии сохти шӯравӣ ТМ-62, зидди пиёдагардон ПМН-2 истифода шудаанд. Дар зимн харитаи ҷойгиршавии онҳо дар бештари ҳолатҳо ба истилоҳ “сари зону” таҳия мешаванд зиёд гум мешаванд. Зери таъсири табиат майдонҳо минаӣ корношоям мешаванд ва навсозӣ мегарданд.

Эҳтимол майдонҳои минаии ҷадидро ҷонибҳои даргир зуд тоза мекунанд, аммо макони дақиқи ҳамаи миназорҳоро тайи солҳои тӯлонии мухолифат дар минтақа касе намедонад. Мушкили дигар, ин гулӯлаҳои артиллерии нотаркида ва ё монда дар ҳолати ҳарбӣ мебошанд.

“Туҳфаи солинавӣ”-и Амрико барои Толибон: хурӯҷи нерӯҳои низомӣ – туҳфаи Трамп ба Толибон

Дар замини Қарабоғ ҳазорҳо ашёи тарканда мавҷуд аст. Барои ин даҳсола кори сапёрҳои Русия, ҷалби захоири СММ ва ташкилотҳои башардӯстонаи дигар зарур аст, то минтақа аз ҷанг пок карда шавад.

Қаблан роҳбари Ожонси миллии безараргардонии қаламрави Озорбойҷон аз минаҳо,  (ANAMA) Газанфар Аҳмедов тозасозии пурраи минтақае, ки ба зери назорати Боку газашт, баш аз 10 солро талаб мекунад.

Дар Сурия ҳайати башардӯстонаи Арманистон дар ҳайати 83 нафар тайи 6 моҳи соли 2019 аз мина, бомбаҳои ҳавоӣ ва гулӯлаю дастгоҳҳои дигари тарканда ҳудуди 20 гектарро тоза карда буд.

Таҷрибаи баъдиҷангии безараргардонӣ дар Абхазистон ва Қарабоғи ҷанубӣ далели дигари хеле зиёд будани кор дар Қарабоғ мебошад.

Талоши муштарак

Хадамоти СММ дар масоили тозасозӣ аз мина  (UNMAS)  танҳо дар соли гузашта дар 19 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Ироқ, Сурия ва Афғонистон ҳудуди 495 миллион доллари амрикоиро сарф кард. Шояд қисме аз маблағҳо барои безараргардонӣ дар Қарабоғи куҳӣ равона шаванд.  Ба иттилои UNMAS, ҳайат корашро дар ин ҷо аввали моҳи декабр оғоз мекунад.

Пеш аз ҳама мутахассисон ҳаҷми корҳо дар шароити мураккаби куҳу ҷангал арзёбӣ мекунанд. Ба эҳтимоли зиёд кори муштараки сапёрҳои байналмилалӣ имкон медиҳад, ки гурезаҳо ҳарчи зудтар ба маҳалли иқоматашон баргарданд.

Мавзеъгирии Антониу Гутерриш, дабири кулли СММ низ умедбахш аст, ки гуфт, қатъи даргирӣ имкон медиҳад, ки созмонҳои башардӯстонаи байналмилалӣ ба аҳолии осоишта дастрасӣ пайдо намоянд, ки дар натиҷаи мухолифат зарар диданд. Ӯ ба омодагӣ барои ҳамкорӣ бо Русия дар масъалаи Қарабоғи куҳӣ таъкид намуд.