Тағйироти кадрӣ: барканории Акрамзода аз раҳбарии ноҳияи Рӯдакӣ ва мансаби нави Исматзода

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар Рустам Акрамзода, раҳбари ноҳияи Рӯдакии пойтахтро аз мақомаш барканор кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент, фармони раисиҷумҳур дар бораи барканории Акрамзода имрӯз баромадааст.

Тағйироти кадрӣ: барканории Одиназодаву Фақеров ва мансаби нави Давлатзодаю Қурбонзода

"Акрамзода Рустам бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ озод карда шавад",-омадааст, дар иттилоияи котиботи президент.

Ба иттилои манбаъ, ба ҷойи Рустам Акрамзода дар ин мансаб Азизулло Исматзода, ки то ин вақт раҳбари Агентии хоҷагии ҷангали кишвар буд, таъйин гардидааст.

Рустам Акрамзода, тайи ду сол, сар аз 23 ноябри 2018  дар ин мақом адои вазифа мекард.

Исматзода Азизулло Убайдулло 18 марти соли 1964 дар ноҳияи Данғара таваллуд шуда, хатмкардаи Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мебошад.

Усули домино: чаро дар Тоҷикистон тағйироти кадрӣ амалӣ мешавад?

Номбурда дар вазифаҳои гуногун фаъолият карда,  аз моҳи ноябри соли 2013 то имрӯз Директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.