ДУШАНБЕ, 24 ноя - Sputnik. Аз прокуратураи шаҳри Исфара ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, Ахмедов Ҷумахон ба азхудсозии наздики як миллион сомонӣ маблағҳои давлатӣ айбдор мешавад.
Ба иттилои манбаъ, номбурда соли 2018 раҳбари ҶДММ “Раҳим” таъйин шуда, бо истифода аз мақомҳои хизматияш даст ба исрофкориву азонихудсозии маблағҳо задааст.
Манбаъ мегӯяд, ҶДММ “Раҳим” аз корхонаҳое мебошад, ки ба сохтмон ва таъмири биноҳо машғул буда, аз санаи 26 июни соли 2019 то 12 декабри ҳамон сол барои таъмири Маркази саломатии шаҳри Исфара, Марказҳои саломатӣ дар ҷамоатҳои Чоркӯҳ, Лаккон, деҳаи Сурх ва шаҳраки Нафтобод 1008341 гирифтааст.
Гуфта мешавад, дар асоси ченаки назоратӣ муайян карда шуд, ки номбурда ба маблағи 123950 сомонӣ корҳои сохтмониро анҷом дода, боқимонда 884388 ҳазор сомониро азони худ ва исрофкорӣ карда, ба буҷаи давлат зарари калон ворид кардааст.
Боздошти котиби суди шаҳри Исфара: пора талаб кардааст
Ба гумонбарии исрофкорӣ ва азонихудкунии маблағҳои буҷа Ахмедов Ҷумахон Субҳонович раҳбари корхонаи ҶДММ “Раҳим” боздошт ва нисбат бо моддаи 245 қисми 4 банди “б” парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида тафтишот идома дорад.