Маълум шуд, ки Рустами Эмомалӣ дар Русия бо кӣ дидору мулоқот мекунад

Маълум шуд, ки Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе зимни сафари расмияш дар Маскав бо кӣ дидору мулоқот мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 ноя - Sputnik.  Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе субҳи имрӯз бо нахустин сафари расмӣ озими пойтахти РУсия шуд.

Рустами Эмомалӣ бо нахустин сафари расмӣ вориди Маскав шуд

Бино ба иттилои дафтари матбуотии Шӯрои Федератсия, имрӯз раиси Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко бо раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ мулоқот мекунад.

Ба иттилои манбаъ, ин мулоқот дар доираи сафари расмии ҳайати Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Русия бо даъвати раиси Шӯрои Федератсия баргузор мешавад.

Манбаъ мегӯяд, ҳамзамон фардо 25 ноябр ҷаласаи Комиссияи ҳамкории Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия ва Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Гуфта мешавад, дар ин ҷаласа Валентина Матвиенко ва Рустами Эмомалӣ суханронӣ хоҳанд кард.

Нахустин сафари хориҷии Рустами Эмомалӣ: шаҳрдор дар Узбакистон чиро тамошо кард - акс

Дар ин сафар Рустами Эмомалиро раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Рустами Эмомалӣ ва Иноятов дурнамои муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистонро баррасӣ карданд

Ёдовар мешавем ин дуввумин сафари расмии хориҷии Рустами Эмомалӣ мебошад. Як сол қабл, ӯ  нахустин сафари расмии худро ба Ӯзбекистон анҷом дода буд.