Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Эрон то тобистони соли оянда ваксинаи COVID -19 - ро вориди бозор хоҳад кард

Эрон дар сохти ваксинаи COVID - 19 ба дастовардҳои хубе расидааст ва ба эҳтимоли қавӣ ваксинаи эронии корона то тобистони соли оянда вориди бозор мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 ноя - Sputnik. Кайҳони Озодманиш, Мудири гурӯҳи таҳқиқоти вирусшиносии институти Постури Эрон афзуд, дониши сохти ваксина дар Эрон қадимӣ аст ва кишвари мо таҷрибаи фаровоне дар ин замина дорад, аммо дар шароити кунунӣ ва бо тавваҷуҳ ба раванди тавлиди ваксинаи корона дар чанд ширкати эронӣ эҳтимолан марҳалаи тавлиди анбӯҳи он то тобистони 2021 тӯл хоҳад кашид,  иттилоъ додааст хабаргузории садо ва симо.

Зиёда аз 20 миллиард - Раҳмон аз зарари COVID-19 ва хушнудияш аз ваксина гуфт

Вай дар айни ҳол таъкид кард, ки агар дар ин муддат аз кишвари дигаре битавон ваксинаро арзонтару беҳтар, бамавқеу ба мизони кофӣ харидорӣ кард, ин корро хоҳем кард, зеро бояд аз ҳар роҳе ки метавонем мушкили кишвару мардумро ҳал кунем.

Муассисоти пизишкии Постур ва Розии Эрон дар тавлиди ваксина ҳудуди 70 сол собиқаи фаъолият доранд.

Дар рӯзҳои ахир ҳамзамон бо эъломи муваффақияти 90 дарсадии ваксинаи ширкати Файзер баъд аз 10 моҳи нигаронӣ аз ҳамагирии корона умедвории мутахассисон ба халосии башар аз корона бештар шудааст.