ДУШАНБЕ, 23 ноя – Sputnik. Масъулони Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар доданд, ки имсол беш аз 461 ҳазор тон пахта аз заминҳои кишт бардошт шуда, ки баробар бо 96,6 дарсад аз барномаи давлатӣ аст, иттилоъ додааст сомонаи Топ Тҷ.
Пахта яке аз муҳимтарин маҳсулоти содиротии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Туркия, Русия ва Чин харидорони аслии пахтаи Тоҷикистон ҳастанд, ки пас аз табдили пахтаи Тоҷикистон ба либосу порча ин колоҳоро ба Тоҷикистон содир мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, кишоварзони тоҷик муътақиданд, ки дар сурати хариди ҳар килограм пахта аз онон ба қимати 6,5 то 7 сомонӣ метавонанд ба судоварии ин маҳсул умедвор бошанд.
Ин дар ҳоле аст, ки қимати пахта дар вилоятҳои Хатлону Суғд байни 5 то 5,5 сомонӣ аст, ки танҳо ҳазина кошту бардошти ин маҳсулро ҷуброн мекунад ва фоидаи чандоне барои кишоварзон боқӣ намегузорад.