ДУШАНБЕ, 22 ноя – Sputnik. Бино ба иттилои пойгоҳҳои варзишӣ, дар бораи набарди рақибон - Конор Макгрегори ва Дастин Порйеи шартнома баста шудааст.
Ба асоси қарордод, дар назар аст, ки муборизаи мазкур санаи 23-юми январ дар "Ҷазираи муҳорибаҳо" -и Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор шавад.
Рақобати Конор Макгрегор ва Дастин Порйе 23-юми январ дар доираи мусобиқаи UFC 257 баргузор мешавад.
Дана Уайт мегӯяд муҳорибаи мазкур барои ягон унвони қаҳрамонӣ набуда, Ҳабиб Нурмуҳаммадов қаҳрамон боқӣ хоҳад монд.
Қаблан дар назар буд рақобати Макгрегор ва Порйе рӯзи 12 декабр дар шаҳри Дублин доир шавад, аммо Дана Уайт, роҳбари UFC ба хулосае омад, ки як рақобати бузург миёни ин варзишгарон гузаронида шавад.
Ёдовар мешавем ин дуввумин рақобати Конор ва Порйе аст. Онҳо соли 2014 бо ҳам вохӯрда буданд, ки Макгрегор Порйеро тариқи нокаут шикаст дода буд.
Гусфанду буқаҳо мепарварам: Ҳабиб аз нақшаҳои панҷсолааш гуфт
Мавриди зикр аст, ки ҳам Конор Макгрегор ва ҳам Дастин Порйе собиқ ҳарифони Ҳабиб Нурмуҳаммадов қаҳрамони UFC буданд, ки шикаст хурданд.