Рейтинги клубҳои AFC: мавқеъҳои нави "Истиқлол" ва "Хуҷанд"

Рейтинги нави клубҳои Конфедератсияи футболи Осиё маълум шуд, ки дар он дастаҳои Тоҷикистон мавқеъҳои худро беҳтар карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 Ноябр - Sputnik. Қаҳрамони Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе дар қатори 50 дастаи беҳтарин дохил шуд.

Мунтахаби футболи Тоҷикистон мавқеашро дар рейтинги ФИФА аз даст дод

Клуби Душанбе нисбат ба соли гузашта дар ин раддабандӣ 13 зина боло рафтааст, ки он замон охири моҳи ноябр дар ҷои 54-ум қарор гирифта буд.

Тибқи нишондодҳои моҳи октябри соли 2020, финалистони дукаратаи Ҷоми AFC дар маҷмӯъ 29,77 имтиёз дорад ва дар ин рейтинг зинаи 41-умро гирифтааст.

Дар маҷмӯъ, ба ин раддабандӣ 144 дастаи Осиё шомил шудаанд.

Дастаи дигари тоҷикон - "Хуҷанд" бошад бо 11,50 хол дар ҷои 84-ум қарор дорад.

Миёни тимҳои Осиёи Марказӣ, ҷои баландтарин ба “Локомотив” -и Тошканд тааллуқ дорад, ки бо 36,07 хол дар ҷойи 27-ум қарор гирифтааст.

Сеюмин шикаст дар бозии дӯстона: Тоҷикистон аз мунтахаби АМА мағлуб шуд

Панҷгонаи беҳтарин дастаҳои Осиё аз ин қабиланд- Кашима Антлерс (Ҷопон, ҷои 1-ум, 100,79 хол), Ал-Ҳилол (Арабистони Саудӣ, ҷои 2-юм, 97,91 имтиёз), Шанхай SIPG (Чин, ҷои 3, 96.00 хол), "Ал-Дуҳайл" (Қатар, ҷои 4-ум, 87.91), Гуанчжоу Эвергранд (Чин, ҷои 5, 86.00 хол).