Мубориза бо фарбеҳӣ: дар Ӯзбекистон ба назорати вазни мансабдорон шурӯъ мекунанд

Дар мақомоти Ӯзбекистон барои аз байр бурдани фарбеҳӣ сар аз соли оянда давоми рӯзи корӣ барои машқҳои гимнастикӣ вақти махсус ҷудо карда мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 Ноябр - Sputnik. Бино ба иттилои “УзА”, им мавзӯъ дар нишасти матбуотие, ки дар Агентии иттилоот ва коммуникатсияи оммавӣ бо иштироки намояндагони Вазорати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш садо дод.

Олимон алоқамандии фарбеҳӣ ва танҳоии занонро муайян карданд

Дар ҷараёни чорабинӣ масъалаҳо оид ба таҳияи меъёрҳои арзёбии фарбеҳии мансабдорон ва роҳандозии системаи онлайнии мониторинг барои таҳлили натиҷаҳои ба даст овардашуда дар асоси рейтинг тартиб дода шуданд.

Тибқи фармони президент "Дар бораи чораҳои васеъ ҷорӣ намудани тарзи ҳаёти солим ва рушди минбаъдаи варзиши оммавӣ", роҳбарон, кормандони идораҳои давлатӣ ва ташкилотҳо ба тарбияи ҷисмонии фаъол ҷалб карда мешаванд ва барои онҳо мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ба нақша гирифта шудаанд.

Дар ин санад қайд шудааст, ки аз 1 январи соли 2021 онҳо вазифадоранд, ки ҳадди аққал як маротиба дар як ҳафта бо мақсади "коҳиш додани фарбеҳӣ ва беҳтар намудани саломатӣ" варзиш кунанд.

Ғайр аз ин, аз соли оянда сар карда, дар давоми рӯзи корӣ барои машқҳои гимнастикӣ вақти махсус ҷудо карда мешавад.

Гуфта мешавад, ҳамзамон дар назар аст то 1 сентябри соли 2021 "Энсиклопедияи варзишҳои миллии варзишӣ ва бозиҳои халқии Ҷумҳурии Ӯзбекистон" омода ва нашр шавад.

ВКД Тоҷикистон аз кормандон талаб кард, ки аз фарбеҳӣ халос шаванд

Дар тоҷикстон бошад, чунин тасмими вижа набуд, аммо дар гузашта Вазорати корҳои дохилии кишвар аз ҳама кормандони сохторҳояш талаб карда буд, ки аз вазни зиёдатӣ халос шаванд ва ба намуди зоҳирии худ таваҷҷӯҳ зоҳир намоянд. ВКД ҳатто ба кормандон муҳлат ҳам дода буд, ки ин камбудашонро ислоҳ кунанд.