Маҷористон қаблан эълон кард, ки омодааст ваксинаи сохти русӣ алайҳи коронавирусро аз озмоиши клиникӣ гузаронад.
Ҳамакнун Русия тавассути ширкати ҳавопаймоии "Аэрофлот" ваксинаи "Спутник V" - ро ба Маҷористон фиристод. Дар фурӯдгоҳи он кишвар бо риояи қоидаҳои санитарӣ ваксина қабул карда шуд ва тавассути хурави махсус ба яке аз озмоишгоҳҳо интиқол ёфт.
Гуфта мешавад, мутахассисони маҷористонӣ аллакай ба озмоиши ин ваксин шурӯъ карданд.
Маҷористон дар ҳоле ваксинаи сохти русиро дархост намуд, ки Урупо таҳдиди ҷорӣ кардани таҳримҳоро дорад.