Тағйироти кадрӣ: барканории Одиназодаву Фақеров ва мансаби нави Давлатзодаю Қурбонзода

Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо судури фармонҳо раҳбарони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистонро барканор ва таъйин кардааст.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 ноя - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент, Эмомалӣ Раҳмон Одиназода Ҳайдар Одинаро аз вазифаи ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ озод кардааст.

Раҳмон раиси Бонки миллӣ ва муовинонашро барканор кард: Холиқзода - раиси нав

Ба иттилои манбаъ, сабаби барканории Одиназода ба синни нафақа расиданӣ ӯ гуфта мешавад.

Бо қарори ҳукумат, Давлатзода Қудрат Қамбар ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ таъин шудааст.

Ҳамзамон бо як қарор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон озод шудааст.

Усули домино: чаро дар Тоҷикистон тағйироти кадрӣ амалӣ мешавад?

Котиботи раисиҷумҳур мегӯяд, ба ҷойи Фақеров Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон таъин шуд.