Нашри навори тамрини низомиёни Русия дар Тоҷикистон - видео

Вазорати мудофиаи Русия навори тирпаронии артиллериро дар размоишгоҳҳои Лоҳур ва Самбулӣ нашр кардааст
Sputnik

Соли 2020 тирандозони пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон беш аз ҳазор ҳадафро мавриди оташкушоӣ қарор доданд, хабар дод котиботи Ҳавзаи марказии низомии Русия.

Низомиёни Русия дар Тоҷикистон таҷрибаи ҷангии андӯхта дар Сурияро тамрин мекунанд

Таъкид шудааст, ки тамринҳо дар майдонҳои Лоҳур ва Самбулӣ баргузор шудаанд. Дар навори нашршуда тирандозон расидан ба ҳадаф дар шароити гуногунро тамрин мекунанд.

Аз ҷумла низомиёнро зарур буд, ки бо истифодаи ҳавопаймоҳои бехалабон ва техникаҳои артиллерию иктишофӣ дар як муддати маҳдуд аз уҳдаи иҷрои вазифа бароянд.

Бештари размоишҳо шабона гузаронда шуданд. Тамринот дар чунин шароит барои беҳтар кардани малакаи тирандозӣ баргузор шуданд. Аз ҷумла 50 дарсади амалиёт дар вақти торикӣ роҳандозӣ гардиданд.

Дар маҷмуъ тирандозҳо беш аз 100 размоиши тактикии тирандозӣ ва идораи оташи артиллериро тамрин кардаанд.

Маврид ба зикр аст, ки аз 20 то 28 ноябр дар размоишгоҳҳо дар Тоҷикистон тамриноти муштараки низомиёни Русия ва Тоҷикистон дар се марҳила баргузор мешаванд.

Зимни размоиш такмили малакаи ҳифзи иншооти муҳиму стратегӣ, ҳамла алайҳи гуруҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ, иҳотагирӣ ва оташкушоии маҷмӯӣ дар назар аст.