Маҳмадаминов дар садамаи нақлиётӣ ҷон бохт: ду мусофири дигар ба беморхона интиқол ёфтанд

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз садамаи маргбори нақлиётӣ дар ноҳияи Данғара хабар медиҳад, ки як кушта ва се ҷароҳатбардоштаи дигар дар пай дошт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 ноя - Sputnik. Садамаи маргбори нақлиётӣ рӯзи 18 ноябр дар ҳудуди ноҳияи Данғара рух дод, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Боз садама дар тӯй: мошин бо домоди тоҷику арӯсаш ба истгоҳ бархӯрда, чаппа шуд

Ба иттилои манбаъ, сонеаи нақлиётӣ тахминан соати 17:20 дақиқа, замоне, ки ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел - Астра" аз ӯҳдаи идораи худраваш набаромад, ба вуқӯъ пайваст.

Манбаъ меафзояд, Маҳмадаминов Наврӯзи 37-сола, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб, дар ҳудуди ноҳияи Данғара ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи "Шакман" бархӯрд.

Бархӯрди маргбор: садама дар шоҳроҳи "Душанбе-Хоруғ" ҷони ду кӯдак ва ронандаро гирифт

Ин худравро Азимов Қудбудини 50-сола, сокини шаҳри Ҳисор бидуни рақами қайди давлатӣ меронд.

Дар натиҷа, мусофири автомашинаи "Опел-Астра" Маҳмадаминов Абдусаломи 43-сола, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.

Гузашта аз ин, мусофирони дигари автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", Мардонов Раҳмоналии 58-сола ва Ҳабибуллоева Зебои 53-сола истиқоматкунандагони ноҳияи Восеъ, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардиданд.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.