Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Фавт, сироят ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон ба чанд нафар расид? - омори нав

Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори ҷадиди сироят, фавт ва шифоёбӣ аз маризии коронавирусро нашр намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ боз 43 мавриди нави сироятёбӣ аз коронавирус сабт гардид.

Омори охири гирифторӣ, шифо ва фавт аз коронавирус дар Тоҷикистон

Ба иттилои котиботи Вазорати тандурустии Тоҷикистон, аз 30 апрел то 20 ноябри соли ҷорӣ дар Тоҷикистон теъдоди умумии гирифторони ин дард ба 11 815 нафар баробар шуд.

Манбаъ меафзояд, дар 24 соати гузашта, 40 шифоёфта аз коронавирус ба хонаҳои худ мураххас шуданд. Ба ҳамин минвол, теъдоди сиҳатёфтагон аз коронавирус ба 11 188 нафар расидааст.

Табобати наздики 11 ҳазор кас аз коронавирус дар Тоҷикистон

Зимнан, пизишкони тоҷик натавонистанд ҷони 86 беморро аз марг наҷот диҳанд.

Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ба тамоми шаҳрвандони мамлакат ёдрас мекунанд,ки дар замони пандемия риоя намудани қоидаҳои оддитарини санитариро фаромӯш насозанд ва ҳамчунин ба пӯшидани ниқобу дастпӯш ва риоя намудани фосилаи иҷтимоӣ ҳам аҳамият диҳанд.