Сулҳбонони рус дар Қарабоғи Кӯҳӣ: акс

Sputnik

Бо шарофати сулҳбонони рус долони Лочин боз барои аҳолии маҳалӣ дастрас аст.

Ин роҳ шаҳри армании Горисро бо Степанакерт мепайвандад.

Роҳ ба сӯи зиндагии ором: сулҳбонони рус долони Лочинро аз минаҳо пок карданд

Мақсади асосии нуқтаҳои назоратӣ дар долони Лочин, ин таъмини амнияти мардумони бегуноҳ ва назорати оташбас дар минтақа аст.

Ин иқдом ҳаракати мошинҳо дар роҳи долони Лочин имконпазир кард. Аввалин мошинҳо аллакай дар ин роҳ ҳаракатро шурӯъ карданд. Дар ояндаи наздик интизор меравад тавассути ин роҳ муҳоҷирон ба хонаҳои худ баргарданд.

Вазъ дар Қарабоғи Кӯҳӣ дар охири моҳи сентябр шиддат гирифт. 9 ноябр миёни роҳбарони Русия Озарбойҷон ва Арманистон созишнома дар бораи оташбас дар минтақа ба имзо расид.

Сулҳбонони Русия дар Қарабоғ дар ҳошияи созишномаи имзокардаи Русия, Арманистон ва Озарбойҷон қарор доранд. Ба ин минтақа,

Русия ҳудуди 2 ҳазор низомияшро ирсол кардааст. Мувофиқи созиш сулҳбонони Русия дар минтақа 5 сол мемонанд ва пас аз он истиқрорашонро автоматӣ тамдид мекунанд.

1 / 14
Худрави низомии Русия дар қитъаи роҳи долони Лочин
2 / 14
Сулҳбони рус дар нуқтаи назоратӣ дар долони Лочин
3 / 14
Сулҳбонони Русия дар Қарабоғи Кӯҳӣ
4 / 14
Нуқтаи назоратӣ дар долони Лочин, ки дар он сулҳбонони рус қарор гирифтанд
5 / 14
Сулҳбонони рус дар долони Лочин
6 / 14
Сулҳбонони рус мошинро барои тафтиши ҳуҷҷат манъ карданд
7 / 14
Техникаҳои низомии Русия дар долони Лочини Қарабоғи Кӯҳӣ
8 / 14
Санҷиши ҳуҷҷатҳо дар нуҷтаҳои назоратӣ дар Қарабоғи Кӯҳӣ
9 / 14
Сулҳбонони рус ба худрави Салиби сурх барои убури қитъаи роҳ иҷозати ҳарака доданд
10 / 14
Нуқтаи назоратӣ дар долони Лочини Қарабоғи Кӯҳӣ
11 / 14
Техникаи низомии сулҳбонони Русия дар Қарабоғи Кӯҳӣ
12 / 14
Сулҳбони Русия дар Қарабоғи Кӯҳӣ
13 / 14
Вазъи ором дар Қарабоғи Кӯҳӣ
14 / 14
Русия ҳудуди 2 ҳазор низомияшро ирсол кардааст. Мувофиқи созиш сулҳбонони Русия дар минтақа 5 сол мемонанд ва пас аз он истиқрорашонро автоматӣ тамдид мекунанд