Қурбони Собир Аълочии кинематографияи тоҷик шуд

Ба Қурбони Собир, ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон нишони Аълочии кинематографияи тоҷик доданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, доктори улуми санъат, устоди саҳна Қурбони Собир бо нишони Аълочии кинематографияи тоҷик сарфароз гардид".

"Аҳволаш хуб нест": Ҳошим Гадо аз "вируси корона" бистарӣ шудааст

Яке аз ташаббусҳои нави Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дар остонаи ҷашни 90-умин солгарди ин ниҳод аз сӯйи раҳбарияти он созмондеҳии нишони Аълочии кинематографияи тоҷик мебошад, ки ин барои хизматҳои шоиста дар театру синамо ба ҳунарпешаҳо дода мешавад.

Қурбони Собир рӯз 8 марти соли 1961, дар деҳаи Ширинчашмаи ноҳияи Ёвон ба дунё омадааст.

Тибқи иттилои торнамои “Википедия” Ӯ баъди 21 соли валодат Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро хатм кардааст. Ҳамин донишкадае, ки солҳо ба шогирдон дарси маҳорат омӯхт ва дар илму камол ба ҳадди докторӣ расиду профессор унвон гирифт. Вале ахиран тарки ин боргоҳи ҳунар кард ва ҳатто ин моҷаро додгоҳӣ шуд.

Фаъолияти эҷодиаш аз театри шаҳри Қурғонтеппа оғоз шудааст ва баъдан ҳамроҳ бо устодаш, ҳунарманди шинохта ва номдори тоҷик Фаррух Қосимов ба таъсиси театри нав бо номи «Аҳорун» камар бастааст. Шояд ин муваффақтарин лоиҳае буд, ки амалӣ шуд ва дар як муддати кӯтоҳ «Аҳорун» бо шева ва равиши тозаи эҷод ва намоишномаҳои ҷолиб миёни ҳаводорони санъати театрӣ маҳбубият пайдо кард.

Аммо “Аҳорун” на аввалину охирин саҳнаи эҷод баъди театри Қурғонтеппа барои Қурбони Собир буд. Вай баъдан дар саҳнаи театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ, театри “Ҷавонон”-и ба номи М.Воҳидови шаҳри Душанбе ва театри шаҳри Хуҷанд ҳам бо нақшҳои тозаву хотирмон зоҳир гардид.

Пирӯзии Ортиқи Қодир бар вируси корона

Қурбони Собир аз ҷумлаи камтарин ҳунармадонест, ки дар озмунҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ чор маротиба ба дарёфти ҷоизаи беҳтарин нақши мардона мушарраф гардидааст.

Қурбони Собир нақшҳои хотирмон басо зиёд офаридааст, вале аз назари худи ӯ нақши Юсуф аз намоиши “Юсуфи гумгашта….”-и Фаррух Қосим, Тартюф аз намоишномаи “Тартюф”-и Жан Батист Молер, Лир аз "Шоҳ Лир-и Шекспир, Яго аз “Отелло”-и Шекспир, Темурмалик аз «Нангбардори Хуҷанд»-и Меҳмон Бахтӣ, “Шапарак хоб дид”, аз рӯи асари Темур Зулфиқоров, ки коргардони хушсалиқа Барзу Абдураззоқов таҳия кардааст, “Ҷазирбод”-и Ҷумъа Қуддус, ки Д.Убайдуллоев ба саҳна гузоштааст, муваффақтарин офирадҳои саҳнавии ӯ маҳсуб мешаванд.