Феминист, муаллима ва даванда: ҳамсари Ҷо Байден кист? - акс

Sputnik

Ҷилл Байдени 69 - сола дар Виллоу - Гроув, дар канори Филаделфияи Пенсилвания таваллуд шуда аз панҷ фарзанди хонавода бузургтар будаааст. Модараш хонашин ва падараш корманди бонк буданд.

Рекорди Ҷо Байден дар интихоботҳои президентии ИМА: ӯ гуфт чаро президент шуд

Пас аз хатми Донишгоҳи Делавэр дар соли 1975, Ҷилл ба ҳайси омӯзгори забони англисӣ дар Вилмингтон ба кор шурӯъ кард. Дар соли 1998, вақте ки шавҳараш бори аввал ба мақоми президентӣ номзад шуд, вай эълом дошт, ки ба фаъолияти касбии худ идома медиҳад, агар бонуи аввал ҳам шавад. Ҷилл соҳиби ду дараҷаи магистр ва унвони номзади илмҳои педагогӣ мебошад.

Пеш аз он ки Ҷилл ба донишгоҳ дохил шавад, вай аз рӯи ихтисоси "савдои мӯд" (таблиғи маҳсулоти тамғаҳои мӯд) таҳсил мекард. Дар ҷавонии худ, Ҷилл муддате ҳамчун модел кор мекард. Имрӯз ӯ худаш либосҳоро интихоб мекунад ва ҳамчун муаллимаи идеалии амрикоӣ мебошад.

Ҷо Байден Доналд Трампро шикаст дод: президенти нави Амрико кист?

Ҷилл бо Байден ҳангоми донишҷӯ будан шинос шуд. Байдени 33-сола он замон сенатор аз Делавэр буд. Се сол қабл, дар соли 1972, зани аввал ва духтари хурдии ӯ дар як садамаи нақлиётӣ кушта шуданд ва писаронаш ҷароҳати вазнин бардоштанд. Он вақт, худи Ҷилл издивоҷи барвақтӣ ва талоқ дошт. Ҷо борҳо ба маҳбубааш пешниҳоди зиндагии муштарак намуд, аммо Ҷилл розӣ намешуд. Танҳо дар соли 1977 онҳо издивоҷ карданд ва пас аз чор сол соҳиби духтарча бо номи Эшлӣ шуданд.

Дар соли 2009, вақте ки Барак Обама президент шуд, Ҷо Байден вазифаи муовини президентро гирифт. Ҷилл ба ҳайси омӯзгор дар коллеҷи ҷамъиятии Вирҷинияи Шимолӣ дарс мегуфт. Бори аввал дар таърихи Иёлоти Муттаҳида зани як ноиби президенти кунунӣ бо маош кор мекард. Вай инчунин як ҳимоягари фаъоли ҳуқуқи занон аст ва аз аввали солҳои 90-ум инҷониб як созмони хайрияеро роҳандозӣ мекунад, ки бо саратони сина мубориза мебарад ва дар самти омӯзиши занон дар бораи зарурати ташхиси мунтазам кор мебарад.

Аксҳои ҷолиби Ҷилл Байденро аз тасвирбаёни Sputnik  тамошо кунед.

1 / 23
Ҷилл Байден дар маъракаи супоридани "Оскар" дар соли 2016
2 / 23
Эшли, Жан ва Ҷилл Байден дар Ҳамоиши миллии Ҳизби демократҳо дар Денвер, соли 2008
3 / 23
Сенатор Ҷо Байден бо ҳамсараш Ҷилл дар Маркази тиббии Уолтер Рид дар Вашингтон пас аз ҷарроҳӣ барои бартараф кардани аневризм, соли 1988
4 / 23
Ҷилл Байден бо маллоҳон дар пойгоҳи нерӯҳои ҳавоии Ҷазираи Шимолӣ дар Коронадои Калифорния сӯҳбат мекунад
5 / 23
Сарвазир Ҷо Байден ва ҳамсари ӯ Ҷилл Байден дар маросими савгандёдкунӣ, соли 2009
6 / 23
Ҷо Байден ва Ҷилл Байден аснои боздид кардан аз Руминия, соли 2014
7 / 23
Номзади ноиби президент ба Ҷо Байден ва ҳамсари ӯ Ҷилл дар Мизи мудаввари иқтисодии занон дар Денвериштирок мекунанд, соли 2008
8 / 23
Номзади ноиби президентии демократҳо Ҷо Байден ва ҳамсари ӯ Ҷилл дар Анҷумани Миллии Демократӣ дар Денвер, 2008
9 / 23
Ҳамсари Ҷо Байден, шоҳзода Гарри ва сафири Британия дар Амрико Питер Вестмакотт ва ҳамсари ӯ Сюзи дар Вашингтон, соли 2012
10 / 23
Ҷо Байден бо ҳамсари худ дар Neighborhood Ball дар Вашингтон, соли 2009
11 / 23
Зани ноиби президенти ИМА Ҷилл Байден ва вазири баробарии гендерӣ ва оилаи Кореяи Ҷанубӣ Ким Хи Ҷун ҳангоми мулоқот дар Сеул, 2015
12 / 23
Зани ноиби президенти ИМА Ҷилл Байден дар ифтитоҳи ниҳоии озмуни Scripps National Spelling Bee дар Вашингтон, соли 2009
13 / 23
Ҷилл Байден дар Тоҷмаҳал, соли 2013
14 / 23
Ҳамсари муовини президент Ҷо Байден Ҷилл бо кӯдакон дар ҷашни Рӯзи Истиқлолият дар як пойгоҳи низомӣ дар Олмон, 2009
15 / 23
Ҷилл Байден ҳангоми ифтитоҳи хона дар расадхонаи баҳрии Иёлоти Муттаҳида барои кӯдакони синфҳои ибтидоӣ аз атрофи ноҳияи Колумбия, 2009
16 / 23
Ноиби президент Ҷо Байден ва ҳамсараш Ҷилл пас аз гирифтани медали Институти Рузвелт дар бораи озоди, ифтихори олии Институт, ҳангоми зиёфат дар Вашингтон, ИМА, 2014
17 / 23
Ноиби президент Ҷо Байден ҳамсари худ Ҷиллро дар Анҷумани миллии демократҳо дар Шарлоттаи Каролинаи Шимолии ИМА дар соли 2012 ба оғӯш мегирад.
18 / 23
Ҷилл Байден бо маҷаллае, ки расми ҳамсари ӯ ва Барак Обама нашр шудаст Делавэр, 2008
19 / 23
Номзади президентии демократӣ Ҷо Байден пас аз мубоҳисаи дуввум ва ниҳоии президентӣ дар Донишгоҳи Белмонт дар Нашвилл, Теннеси, ИМА, ҳамсар Ҷиллро ба оғӯш мегирад
20 / 23
Ҷилл Байден ҳангоми боздид аз гарнизони артиши ИМА дар Швейнфурти Олмон, 2009
21 / 23
Номзад ба мақоми президентӣ аз демократҳо Ҷо Байден бо ҳамсар Ҷилл ва наберагонаш дар Вилмингтон, Делавари ИМА, 2020
22 / 23
Ҷилл Байден ҳангоми тазоҳурот ба тарафдорӣ аз ширкати шавҳари худ дар Питтсбург суханронӣ мекунад, Пенсилвания, ИМА, 2020
23 / 23
Номзади ноиби президентии демократҳо Ҷо Байден пас аз суханронӣ дар Анҷумани миллии демократҳо дар Денвер, ИМА, ҳамсараш Ҷиллро ба оғӯш мегирад