ДУШАНБЕ, 18 ноя - Sputnik. Шабонарӯзи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 42 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бино ба иттилои манбаъ, дар маҷмӯъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то 18 ноябр 11 731 ҳолатро ташкил медиҳад.
"Дар як шабонарӯзи охир 44 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 11 105 нафар баробар гардид.
Дар як рӯз: 13 ҳазор эронӣ ба коронавирус мубтало шуда, 486 бемор фавтиданд
Гузашта за ин, дар муддати зикргардида, дасти кам 86 мариз ҷон аз даст доданд.
Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ аз кулли шаҳрвандони ҷумҳурӣ даъват мекунанд, ки дар замони пандемия эҳтиёткор бошанд ва риоя намудани қоидаҳои санитариро фаромӯш накунанд.