Раҳмон ба кишвардори тозаинтихоби Молдова барқияи шодбошӣ фиристод

Эмомалӣ Раҳмон ба Майя Санду сиҳатмандию комёбӣ таманно намуда ба мардуми Молдова сулҳу суббот ва некуаҳволӣ ва шукуфоӣ орзу намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 ноя - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон унвонии президенти тозаинтихоби Молбов Майя Санду барқияи табрикотӣ ирсол намуд.

Раҳмон ба сарвазири тозатаъйини Ҷопон барқияи шодбошӣ фиристод

Ба иттилои котиботи президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон Сандуро ба муносибати пирӯзӣ дар интихоботи Президентии Молдова табрик намуд.

Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Тоҷикистон ва Молдоваро анъанаҳои деринаи дӯстӣ, ҳусни тафоҳум ва ҳамкории созанда ба ҳам мепайванданд.

"Итминон дорам, ки муносибатҳои ҳасанаи байни кишварҳои мо минбаъд ҳам тавсеа ёфта, соҳаҳои нави ҳамкориҳоро фаро хоҳанд гирифт. Омодаам, ки дар ин ҷода якҷо бо Шумо тамоми саъйю кӯшишҳои заруриро ба харҷ диҳам", - таъкид намуд Раҳмон.

Зимнан, кишвардори Тоҷикистон ба Сандуро саломатию комёбӣ ва ба мардуми Молдова сулҳу амонӣ, некӯаҳволӣ ва шукуфоӣ орзу намуд.