Обама Путинро бо "босс"-и мафияи Чикаго муқоиса кард

Собиқ президенти Амрико, Барак Обама дар ҷилди аввали китоби ёддошташ нақл кардааст, ки аз раисҷумҳурони Русия чӣ бардоште дорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Собиқ раисҷумҳури Амрико, Барак Обама нахустин китоби хотираҳояшро нашр кард ва ба фурӯш баровард. Дар он вай ҳамчунин дар бораи мулоқотҳояш бо Владимир Путин ва Дмитрий Медведев нақл кард.

"Ишораи зебои Путин": ситоиши Трамп аз кӯмаки тиббии Русия

Барак Обама дар китоби худ менависад, ки Путин ба "босси хиёбонии ҷиддие монанд буд, ки мафияи Чикагоро роҳбарӣ мекард".

Обама ҳамчунин менависад, ки Путин "на танҳо ба маҷбур кардан амал мекард", балки "дар ҳақиқат машҳур буд".

Дар ҳамин ҳол, собиқ раисҷумҳури Амрико собиқ президенти Русия, Дмитрий Медведевро тамоман дигар тасвир карда, навиштааст, ки "ӯ ба назарам бештар ба мушовир дар масоили мудирияти байналмилалӣ" монанд буд, то сиёсатмадор. 

"Ба Трамп даф шав мегӯянд": Путин дар бораи бесарусомониҳо дар Амрико

"Президент Дмитрий Медведев дар ҳамин ҳол, Русияи навро таҷассум мекард: ҷавон, аҳли варзиш ва  либосаш низ аврупоӣ. Росташ, ӯ ҳукумати амалии Русия набуд", - афзудааст Обама дар китобаш.

Ӯ ҳамчунин навиштааст, ки Медведев бо пешниҳодҳои аҷибаш дар тааҷҷуб мегузошт.