Муроҷиати Рустами Эмомалӣ: дар Душанбе 2,5 ҳазор ниҳол мешинонанд

Кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист ниҳолҳоро асосан дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ва дигар мавзеъҳои муайянгардида мешинонанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Дар Душанбе бештар аз 2,5 ҳазор бех ниҳол мешинонанд, гузориш медиҳад "Ховар".

Бо дасти сабук: ниҳолшинонии Рустами Эмомалӣ дар маркази Душанбе

Бино бар иттилои манбаъ, дарахтонро Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ дар пайи муроҷиатномаи раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ мешинонанд.

Дарахтони сӯзанбарг дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва дигар мавзеъҳои муайянгардида шинонида хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, аллакай кормандони кумита бо иштироки раиси он дар хиёбони Шерозии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳашари ниҳолшинонӣ баргузор карданд.

Қарори раиси Душанбе барои ниҳолшинонӣ: ҳар моҳ гузориш дода шавад

Пештар Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, бо имзои як қарор нақшаи ниҳолшинонию сабзкорӣ дар мавсими тирамоҳи соли 2020 ва баҳори соли 2021 дар пойтахтро тасдиқ кард.

Бар асоси қарор, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва идораҳои давлатӣ вазифадор шудаанд, ки ҳар моҳ ба раиси пойтахт дар бораи корҳои анҷомдодаашон ахбор пешниҳод намоянд.