Тавсифи роҳбари намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз кори табибони Суғд

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, бо роҳбари намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, Бахтигул Карриева вазъи эпидемиологӣ дар вилоятро баррасӣ карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи ҳукумати Суғд, Аҳмадзода барои фиристодани табибон ба вилоят аз кишварҳои хориҷӣ ба Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ изҳори сипос намуд.

Омори охири гирифторӣ, шифо ва фавт аз коронавирус дар Тоҷикистон

Раиси вилоят вобаста ба фаъолияти Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии бемории сирояти коронавируси COVID-19 маълумот дода, иброз доштаст, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат баҳри пешгирии бемории сироятӣ аз тамоми имкониятҳо истифода гардида истодааст.

“Дар вилояти Суғд фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ зери назорат қарор дошта, ҷиҳати пешгирии беморӣ мунтазам корҳои безараргардонӣ гузаронида мешавад”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ ва риояи тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, истифода аз ниқобҳои муҳофизативу маводи антисептикӣ аз ҳисоби кормандони мақомоти давлатӣ, табибону олимони соҳаи тиб, коршиносон гуруҳҳои корӣ ташкил гардида, корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ миёни аҳолӣ пурзӯр карда шудааст.

Омори охири гирифторӣ, шифо ва фавт аз коронавирус дар Тоҷикистон

Аҳмадзода гуфтааст, мақомоти иҷроия барои сари вақт дастрас намудани таҷҳизоти зарурии тиббӣ ва доруворӣ маблағҳои лозимаро ҷудо намуда, вазъро таҳти назорат қарор додааст.

Роҳбари намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Бахтигул Карриева дар навбати худ аз тарзи фаъолияти табибони вилоят изҳори қаноатмандӣ карда, изҳор дошт, ки таҷриба ва коргузории кормандони муасссисаҳои тиббии вилояти Суғд ҳамчун намуна барои дигар кишварҳо пешниҳод шудааст.

“Иттилоъ дода шуд, ки дар навоҳии Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Исфара, Истаравшан ва Панҷакент марказҳои ташхиси бемории коронавирус ташкил хоҳад шуд, ки барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии пандемия мусоидат менамояд”, - омадааст дар иттилоия.