Пашинян худро ҷавобгар барои Қарабоғ хонду гуфт, пеши додгоҳи мардумӣ бояд муҳокима шавад

Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон худро масъули вазъ дар Қарабоғи куҳӣ хонда, таъкид намуд, ки бояд пеши “додгоҳи мардумӣ” муҳокима шавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Сарвазири Арманистон зимни нишасти матбуотии онлайнӣ гуфт, дарк мекунад, ки ҷавобгари асосии вазъ ӯ мебошад.

Суҳбати сардори Хадамоти ҷосусӣ: аз оғози COVID-19 то Белорус, ҷанги Қарабоғ ва Навалний

“Албатта ман дарк мекунам, ман мақомдори рақами як ва ҷавобгари вазъи феълӣ мебошам. Ин ҷо шаке нест. Мефаҳмам, ки ман бояд пеши шартан гӯем додгоҳи мардумӣ муҳокима шавам. Аммо дар вазъи феълӣ, додрас – халқ бояд тамоми ҷанбаҳои қазияро донад, бояд муколама бо низомиён, мухолифин ва ҳукумат бошад”, - таъкид кард Пашинянд.

Ӯ афзуд, ки натавонист зарфияти “истодагарӣ”-и Арманистонро таҳким бахшаду мантиқи музокиротро тағйир диҳад. Нахуствазири Арманистон таъкид намуд, ки феълан масъалаи асосӣ мақоми Қарабоғи куҳӣ ва дигар масоили гуманитарӣ мебошад.

Ба гуфтаи Пашинян, далели асосии муваффақ нашудани Арманистон дар Қарабоғи куҳӣ Туркия ва пайдо шудани террористон дар минтақа мебошад.

Қаблан Арманистон, Озорбойҷон ва Русия созишномаи сеҷонибаи оташбасро имзо карданд, ки бар асоси он ҷонибҳо дар нуқтаҳои қарордоштаашон меистанду Арманистон то аввали декабр қисмате аз ноҳияҳоро ба Озорбойҷон бармегардонад. Субот дар минтақаро нерӯҳои тақрибан дуҳазорнафарии сулҳсозони Русия таъмин мекунанд.