ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шабонарӯзи охир 40 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 10 ҳазору 934 нафар баробар гардид.
Омори нави гирифторӣ, шифо ва фавт аз коронавирус дар Тоҷикистон
Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ афзуд, дар маҷмӯъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то 14 ноябр 11 ҳазору 573 ҳолатро ташкил медиҳад.
"Дар як шабонарӯзи охир 40 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 10934 баробар гардид", - омадааст дар хабарнома
Фарқи асосии нишонаҳои зукоми маъмулӣ аз COVID-19 гуфта шуд
Вазорати тандурустӣ илова намудааст, ки то имрӯз 94,4%-и гирифторон аз коронавирус шифо ёфтаанд.