Талоши 63 нафар барои як курсӣ: оғози корзори интихоботӣ дар Қирғизистон

Дар Қирғизистон 63 нафар номзадии худро барои вазифаи олии давлатӣ пешбарӣ карданист. Ҳамаи номзадҳо бояд то 3 декабр 30 ҳазор имзоро ба ҷонибдории хеш ҷамъ оварад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 ноя – Sputnik. Ҳамаи 63 номзад бояд то 3 декабри соли равон 30 ҳазор имзо ва 1 миллион сом дошта бошанд.

Жээнбеков аз тарс истеъфо дод? ҷавоби Ҷопаров

Миёни 63 номзад ба курсии президентӣ 8 зан ва 55 мард мавҷуданд. Миёни номзадҳо ашхоси бекор, сиёсатмадорони пешин ва ҳозира, соҳибкорон ва фаъолони ҷамъиятӣ мебошанд, менависад Sputnik Қирғизистон.

Бояд гуфт, ки 63 номзад ба курсии президентӣ дар Қирғизистон рекорд набуда, соли 2011 ба ин вазифаи олӣ 83 нафар ва соли 2017 - 59 кас пешбарӣ шуда буданд.

Ёдовар мешавем, пас аз интихоботи парлумонӣ дар Қирғизистон, ки рӯзи 4 октябр баргузор шуду эътирозҳои зиёде дар пай дошт, Сооронбой Жээнбеков бо хоҳиши мардум истеъфо дод.

Феълан иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Ҷапаров мебошад. Ӯ 6-уми октябр аз зинон озод шуда, сарвазири нави Қирғизистон интихоб шуд.