Пашинян гуфт, созиши Қарабоғ ҳамкорӣ бо Эронро густариш медиҳад

Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон густариши равобит бо Эронро яке аз натоиҷи тавофуқи сулҳи Қарабоғ донист
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Никол Пашинян рӯзи ҷумъа дар мусоҳиба бо Шабакаи телевизионии 1-и Арманистон гуфт, тавофуқи сулҳи Қарабоғ байни кишвараш ва ҷумҳурии Озарбойҷон ин имконро фароҳам хоҳад кард, то хати оҳани Арманистон ба Эрон аз тариқи Нахҷавон фаъол шавад, хабар дод хабаргузории Садо ва симои Эрон.

Қарабоғи куҳӣ: махсусиятҳои хизмати сулҳҷӯёни Русия

Ба иттилои манбаъ, нахуствазири Арманистон афзуд, яке аз мафоди тавофуқи сулҳи Қарабоғ рафъи инсидоди меҳварҳои иқтисодӣ ва ҳамлу нақл дар минтақа аст.

Пашинян дар дифоъ аз имзои тавофуқи оташбас бо ҷумҳуруии Озарбойҷон, ки ӯро муттаҳам ба хиёнат кардааст, таъкид кард, ин санад дар бораи вогузорӣ ба он кишвар нест, балки барои ҳифзи заминҳое аст, ки метавон онҳоро ҳифз кард.

Нахуствазири Арманистон бо баёни инки муноқишаи Қарабоғ ҳанӯз ба шакли ниҳоӣ тамом нашудааст, аз зарурати бозгашти сокинони Қарабоғи Кӯҳӣ ба хонаҳояшон хабар дод.

Нахуствазири Арманистон ахиран дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизионии “Русия-1” гуфта буд, агар тавофуқномаи сулҳи Қарабоғ имзо намешуд, вазъ бадтар ва вахимтар мешуд.

Ба гуфтаи Пашинян ин тавофуқнома нақши муассире барои пешрафти Арманистон дар оянда хоҳад дошт.

Тавофуқномаи сулҳи Қарабоғ барои таҳаққуқи оташбаси комил ва рафъи тамоми хусуматҳо дар минтақаи даргирии Қарабоғ аз бомдоди 10 ноябр ба вақти Маскав ба имзои раиси ҷумҳурии Озарбойҷон, нахуствазири Арманистон ва раисиҷумҳури Русия расид.