Бархӯрди ду автомашина дар Чорбоғ ба марги ронандаи 39 - сола анҷомид

Ронандаи 39 - сола аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи дигар бархӯрд, ки дар натиҷа бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона ҷон бохт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 ноя – Sputnik. Садамаи маргбори нақлиётӣ рӯзи 13 - уми ноябр дар ҳудуди деҳаи Чорбоғ рух дод, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Бархӯрди маргбор: садама дар шоҳроҳи "Душанбе-Хоруғ" ҷони ду кӯдак ва ронандаро гирифт

Ба иттилои манбаъ, тахминан соати 10:15-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "ВАЗ-21099", Нусратуллоев Фарҳоди 39 - сола, сокини ҷамоати деҳоти Шинги шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди "Суфиён-Шинг", дар ҳудуди деҳаи Чорбоғ бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавонист.

Боз садама дар тӯй: мошин бо домоди тоҷику арӯсаш ба истгоҳ бархӯрда, чаппа шуд

Зимнан, ба автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", таҳти идораи Маҳмудов Муфтоҳи 58 - сола, сокини ҷамоати деҳоти Косатароши шаҳри мазкур бархӯрдааст.

Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи "ВАЗ", Нусратуллоев ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расид.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.