Вазорат: шабонарӯзи гузашта боз як марги дигар бар асари вируси корона сабт шуд

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълон кард, ки тайи шабонарӯзи гузашта ягон як ҳолати фавт бар асари коронавирус ба қайд гирифта шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 38 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардид.

Вируси сархур: афзоиши марг аз вируси корона дар саросари ҷаҳон

Манбаъ афзуд, шумораи умумии гирифторон аз 30 апрел то 13 ноябр ба 11 ҳазору 534 нафар расид.

Вазорат таъкид намудааст, ки давоми шабонарӯзи гузашта 41 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба  10 ҳазору 894 баробар гардид.

Таносуби шифоёфтагон аз теъдоди умумии гирифторон 94,4% арзёбӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол Вазорат қайд кардааст, ки мутаасифона шабонарӯзи гузашта боз як марги дигар ба қайд гирифта шуд.

Тибқи иттилои манбаъ, дар муддати аз 30 апрел то 13 ноябр бар асари ин беморӣ 85 нафар фавтидаанд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.