Вазорат гуфт бемористони шаҳри Кӯлоб пурра ба фасли зимистон омода шудааст

Вазорати тандурустӣ эълон даштааст, ки бузургтарин беморхонаи бисёрсоҳавии клиникии ба номи Ҳақназарови шаҳри Кӯлоб барои муътадил гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистони имсола тадбирҳои зарурӣ андешидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 ноя – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати тандурустии Тоҷикистон, имрӯз дар беморхона дастгоҳҳои тақсимоти барқ пурра аз таъмир бароварда шуда, корҳои  шишабиндию  захираи маводи сӯхт низ ба  анҷом  расидаанд.

Барномаи якмиллиардии рушди Кӯлоб ҳамагӣ 55 фоиз иҷро шуд: гузориши Вализода ба Раҳмон

Масъулини ин муассисаи тандурустӣ таъкид доштаанд, ки беморхонаи мазкур ба хатти нави барқ пайваст буда, ҳамаи  биною утоқҳо шишабандӣ гардида,  бо таҷҳизоти муосири гармидиҳанда муҷаҳҳаз мебошад.

“Барои таъмини барқ дар ҳолатҳои зарурӣ  ду адад муҳаррикҳои дизелиии барқдиҳанда дар ҳолати хуби корӣ қарор доранд”, - таъкид доштааст масъулини ин муассиса.

Гуфта шудааст, ки дар беморхонаи мазкур ҳамаи таҷҳизоти барқӣ ва системаи гармидиҳии маркази перинаталӣ аз панелҳои офтобӣ неру мегиранд ва барои сарфаи қувваи барқ мусоидат мекунанд.