Вазири фаъол: чаро Абдуллозода аз беморхонаҳои шаҳрҳои Бохтар ва Леваканд дидан кард?

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо фаъолияти беморхонаҳои марказии шаҳрҳои Бохтар ва Леваканд шинос шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 ноя – Sputnik. Зимни боздид Вазири тандурустӣ бо масъулини раёсати тандурустии вилояти Хатлон ва роҳбарони беморхонаҳои мазкур масъалаҳои омодагии муассисаҳои тандурустӣ ба фасли зимистонро баррасӣ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати тандурустӣ.

Вазорат гуфт бемористони шаҳри Кӯлоб пурра ба фасли зимистон омода шудааст

Ҳамчунин манбаъ таъкид доштааст, ки вазир доир ба назорати вазъи санитарию эпидемиологӣ, хусусан риояи қоидаҳои пешгирии бемории COVID-19 дар муассисаҳои тандурустӣ, пурзӯр намудани гаштҳои хонагӣ, тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ, баланд  бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва дигар масъалаҳои ба инҳо алоқаманд ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Инчунин гуфта шудааст, ки бо мақсади аз наздик шинос шудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва омодагии онҳо ба давраи зимистон, таҳлили вазъи санитарию эпидемиологӣ, махсусан пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19 боздиди роҳбарони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз  муассисаҳои тиббии  шаҳру ноҳияҳои мамлакат идома дорад.