Тавзеҳи Тошев аз шикасти дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон аз тими миллии АМА - навор

Усмон Тошев, мураббии тими миллии Тоҷикистон бозии дастаашро бо тими милии Аморати муттаҳидаи Араб шарҳ дод
Sputnik

Мураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон Усмон Тошев шикасти дастаашро дар бар бозии дӯстона бо АМА тавзеҳ дод.

“Нирӯи зиёде масраф кардем, аммо  афсус”, - гуфт мураббӣ.

Сангзанӣ дар Хоруғ баъди футбол: ВУД теъдоди маҷруҳон ва иншооти осебдидаро гуфт

Тошев таъкид кард, ки мо ду голе, ки дар 45 дақиқаи аввали бозӣ задем, дар машқҳо тамрин мекардем: бозигарон ин голҳоро дар ҳамлаи ҷавобӣ заданд.

“Мо зиёд мехостем пирӯз шавем. Бачаҳо офарин ду гол заданд, аммо натавонистанд аз бартарии худ истифода намоянд”, - таъкид дошт мурабии футбол.

Ба гуфтаи Тошев, сабаби асосии шикасти тими миллӣ: ин зиёд аз даст додани туп ба рақиб буд.

“Мо бояд дар ҳамин гуна шароит омодагӣ бинем ва бо ҳамингуна дастаҳо рақобат кунем”, - гуфт Тошев.

Тошев илова кард, ки футболбозони Тоҷикистон хуб тамрин мекунанду якдигарфаҳмии хуб доранд, аммо маҳораташон заиф аст.