ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Дар Русия зимистони солҳои 2020-2021 аз меъёр гармтар нахоҳад шуд, изҳор дошт роҳбари илмии Маркази обуҳавошиносӣ, Роман Вилфанд.
Ба гуфтаи ӯ калавишҳои ҳароратӣ метавонанд дар Сибири ғарбӣ ва миёна, минтақаи аврупоӣ ва ҳавзаи федералии Урал ҷой дошта бошанд, дар он ҷоҳо ҳарорат аз меъёр гармтар хоҳад шуд.
Дар баробари ин Роман Вилфанд таъкид намуд, ки сардиҳои шадид низ дар назар нестанд, аммо ҳаво нисбати соли гузашта хунуктар хоҳад буд.
Ӯ илова намуд, ки барфи аввал метавонад аллакай дар охири нимаи дуюми моҳи ноябр борад.
“Барф дар қисматҳои марказии аврупоии Русия то охири ҳафтаи равон ва нимаи аввали ҳафтаи оянда дақиқан нахоҳад буд”, - хабар дод Вилфанд.
Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон баръакс зимистони сардро пешгӯӣ карда, таъкид намуданд сардшавии ҳаво рӯзҳои наздик оғоз гардида, то 15 дараҷа хунукӣ хоҳад шуд.