Давлатзода гуфт, буҷа аз таътили андозӣ дар пандемия чанд пулро аз даст дод

Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, тавзеҳ дод, ки аз ҳисоби сабукию имтиёзҳои ҷоришуда дар моҳҳои май то августи соли равон буҷа чӣ қадар маблағ нагирифт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 ноя – Sputnik. Давлатзода зимни баррасии иҷрои қонуни буҷа дар парлумон гуфт, таътили андозӣ боис шуд, ки буҷа беш аз 200 миллион сомониро нагирифт.

Олимон дастрасӣ ба соҳаи тиббро дар Тоҷикистон баҳогузорӣ карданд

“Бинобар моҳҳои май - августи соли 2020 татбиқ гардидани имтиёзҳо ва таътили андозӣ нисбат ба субъектҳои соҳаҳои сайёҳӣ, осоишгоҳҳо, меҳмонхонаҳо, хизматрасонии ҳамлу нақли мусофиркашонии байналмилалӣ ва аэронавигатсия, соҳибкорони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда ва андозҳо аз молу мулки ғайриманқули шахсони воқеӣ буҷети давлатӣ зиёда аз 200,0 млн. сомониро аз даст дод”, - навиштааст нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли раиси Кумитаи андоз.

Таъкиди Давлатзода ба таътили андозӣ дар ҳолест, ки қаблан бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба далели хуруҷи коронавирус дар кишвар бархе имтиёзҳо роҳандозӣ гардиданд.

Аз ҷумла Ҳукумат дастур гирифта буд, ки аз 1 апрел то 1 сентябри соли 2020 ба иншооти соҳаи сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, ташкилотҳои хӯроки умумӣ, марказҳои саломатию варзишӣ, осоишгоҳҳо, ҳамлу нақли мусофиркашонии байналмилалӣ ва аэронавигатсия таътили пардохтҳои андозӣ пешбинӣ намояд ва ҳисобкунии фоизҳоро барои сари вақт пардохт нагардидани андозҳо барои ҳамин давра манъ намояд.