Қарори Ҳукумат: интиқоли оби ошомиданӣ ба қарздорҳо қатъ мешавад

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори Ҳукумат тартиби ҷадиди маҳдуд ва ё қатъ кардани интиқоли оби ошомиданӣ ба мизоҷонро тасдиқ намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Тибқи қарори Ҳукумат, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон охири октябр имзо кард, шабакаҳои обрасонӣ дар ҳолати қарздории мизоҷ метавонанд обрасониро қатъ намоянд.

Кумитаи андоз 13 шаҳру навоҳии қарздорро гуфт: бештарашон дар Хатлон

Дар тартиби тасдиқкардаи Ҳукумат таъкид шудааст, ки қабл аз қатъи обрасонӣ мизоҷи қарздор бояд ду бор расман огоҳ карда шавад.

Инчунин ҳолатҳои дигари қатъи обрасонӣ муайян шудаанд. Аз ҷумла дар сурати садама ва ё бад шудани сифати оби ошомиданӣ интиқоли он қатъ мегардад. Зикр шудааст, ки меъёри сифати оби ошомиданиро мақомоти санитарӣ-эпидемиологӣ муайян мекунанд.

Дар баробари ин агар зарурати интиқоли оби бештар ба макони рух додани сӯхтор ва зарурати таъмири шабакаҳо ҷой дошта дошта бошад, Ҳукумат иҷозати қатъи обрасонӣ ба мизоҷонро додааст.

Бо фармони раисиҷумҳур, соли равон дар шароити пандемия баланд бардоштани тарифи хизматрасониҳо, аз ҷумла неруи барқ, об, оби полезӣ, алоқа ва хизматрасониҳои коммуналӣ дар назар нест.  

Қаблан Ҳукумат ба мақомоти дахлдор дастур дода буд, аз оғози соли нав сиёсати давлатӣ дар бахши обтаъминкуниро муайян ва худкифоии корхонаҳои обрасониро таъмин созанд.