ДУШАНБЕ, 12 ноя - Sputnik. Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ гуфтааст, ки коронавирус ва зуком зуҳуроти шабеҳ доранд, аммо хусусиятҳои ҷараёни беморӣ мавҷуданд, ки аз ҳам фарқ мекунанд, менависад РИА Новости.
"COVID-19 ва зуком нишонаҳои шабеҳ доранд, аз қабили сулфа, бинӣ, гулӯ, таб, хастагӣ. Аммо, COVID-19 метавонад нишонаҳои иловагӣ, аз қабили гум кардани ҳис ва бӯй, тангии нафасро ба вуҷуд орад" гуфт ТУТ.
Қариб дар ҳама ҳолатҳо, сирояти коронавирус боиси он мегардад, ки одамон ба таври илова на танҳо ҳисси таъми хурок ва иштиҳоро гум кунанд, балки тангии нафас ва ҳарорати аз 38 дараҷа зиёд пайдо мешаванд.
Ғайр аз он, беморон дард ва фишори доимиро дар қафаси сина эҳсос мекунанд, аксар вақт беҳушӣ пайдо мешаванд, ки тақрибан бо зуком рух намедиҳанд.
Аз ин рӯ, шахсе, ки нишонаҳои шадиди шабеҳ доранд, бояд бешубҳа, ҳатто бо нишонаҳои сабуки COVID-19 барои табобат муроҷиат кунанд.
Антителаҳо одамро чанд муддат аз коронавирус ҳифозат мекунанд: шарҳи олимон
Ин махсусан ба шахсони гирифтори бемориҳои музмин, пиронсолон, занони ҳомила ва кӯдакони хурдсол дахл дорад.