ДУШАНБЕ, 11 ноя – Sputnik. Бино ба иттилои дарёфтӣ, Ашӯралӣ Ҷалилзода раиси ноҳияи Деваштич ва Абдухолиқ Холиқзода раиси шаҳри Панҷакент таъин шудаанд.
Аммо ин хабарро маркази матбуоти раиси вилояти Суғд таъйид ё такзиб накард.
“Фармони онҳо аз сӯи президент Эмомалӣ Раҳмон содир шуда, ҳоло Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар роҳ ба Панҷакент аст, то раиси навро муаррифӣ кунад. Соати 4 – и имрӯз раиси ноҳияи Деваштич низ муаррифӣ хоҳад шуд”, - гуфт манбаъи Sputnik Тоҷикистон.
Ашӯралӣ Ҷалилзода қаблан раиси ноҳияи Шаҳристон буд ва дар симати наваш Сулаймон Зиёзодаро, ки вазири кишоварзии Тоҷикистон таъин шудааст, иваз хоҳад кард.
Аммо дар бораи ин ки раиси нави ноҳияи Шаҳристон кӣ хоҳад буд, иттилои дақиқе ба даст наомадааст. Фақат маълум аст, ки имрӯз, 11 ноябр, пас аз муаррифии раиси нави ноҳияи Панҷакент маросими муаррифии раиси нави Шаҳристон низ баргузор шавад.
Ҳафт қарори Ҳукумат: тафсилоти дигари тағйироти кадрӣ
Абдухолиқ Холиқзода то ин муддат директори Муассисаи давлатии "Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ"-и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.