Рӯзи баргузории қаҳрамонии пойгаи мотосиклронӣ дар Тоҷикистон дақиқ шуд

Дар мусобиқаи мазкур дастаҳо аз шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Турсунзода, Левакант, Ваҳдат, Кӯлоб, ноҳияҳои Ёвон, Фархор, Восеъ ва Абдураҳмони Ҷомӣ иштирок менамоянд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 ноя – Sputnik. Рӯзи баргузории қаҳрамонии пойгаи мотосиклрониро дар Тоҷикистон дақиқ карданд.

Қарори нави Рустам Эмомалӣ: “Кушодашавии мавсими мототсиклронӣ-2019”

Ҳамин тавр, 14 ноябр ба муносибати 29-солагии таъсиси Ташкилоти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар машқгоҳи Меҳрободи ноҳияи Рӯдакӣ, Қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба пойгаи мототсиклронӣ доир мегардад.

Дар ин бора АМИТ "Ховар" бо такя ба хадамоти матбуоти Кумитаи марказии Ташкилоти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Гуфта мешавад, дар мусобиқаи мазкур дастаҳо аз  шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Турсунзода, Левакант,  Ваҳдат, Кӯлоб, ноҳияҳои Ёвон, Фархор, Восеъ ва Абдураҳмони Ҷомӣ  иштирок менамоянд.

"Пойга барои фатҳи марра байни мототсиклҳои ҳаҷми муҳаррикашон 125, 250, 350 ва 500 метри мукааб сурат гирифта, варзишгарон бо мототсиклҳои замонавии  истеҳсоли ширкатҳои маъруфи Хонда, Кавасаки, Судзуки ва Ямаха миёни худ сабқат хоҳанд намуд", - омадааст дар хабарнома.

Fолибон аз рӯи ҳисоби даставӣ ва шахсӣ бо ҷом, медал, диплом ва туҳфаҳои арзишнок қадрдонӣ карда мешаванд.

Манбаъ афзуда, ки мусобиқа бо риояи меъёрҳои беҳдоштӣ сурат мегирад.