Оё "таҳримҳои дузахӣ" - и замони Байден ба Русия таҳдид мекунад?

Ҳукумати ИМА соли оянда иваз мешавад, вале аз ҳозир аён аст: Ҷо Байден дар қиёс бо ҳамкасбони пешинаш бо Русия тундтар хоҳад буд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 ноя – Sputnik, Наталя Дембинская. Ҷорӣ кардани таҳримоти ба унвон дузахӣ, маҳз пешниҳоди демократҳо буд. Ин ҳодисот ба иқтисоди Русия чӣ хатаре дорад?

Қарзи давлатии Русия

"Мо мавзеъгирии шадидро дар нисбати Русия интизор ҳастем. Дар гурӯҳи Байден бадбинӣ нисбати Маскав дар воқеъ ҳайратовар аст", - менависад Financial Times аз қавли дипломати баландпояи ғарб дар Вашингтон.

Урупо фили амрикоиро монда мӯрчаи белорусиро қапид

Вале декларатсияи сиёсӣ як ҷониби кор бошад, фаъолият дар курсии президентӣ тамоман дигар чиз. Байден ҷанговар бошад ҳам, Вашингтон барои аз пой афтонидани иқтисоди Русия маблағи кофӣ надорад, менависад Bloomberg.

Ҷиддитарин хатар - манъи қарзи давлатии Русия аст. Вале дар навбати аввал аз ин сармоягузорони амрикоӣ ва соҳибони қоғазҳои қимматнок зарар мебинанд. Ва онҳо метавонанд дастгоҳи Байденро ба додгоҳ кашанд.

Зиёде аз ин дар ҷавоб Русия пурра аз вомҳои хазинадории ИМА халос мешавад. Дар шароити камбуди буҷаи давлатӣ ин кор барои ИМА тамоман лозим нест.

"Амрикоиҳо чун урупоиён шояд барои эҳтимоли заҳролудкунии Навалний таҳрим ҷорӣ кунанд. Вале сухан дар бораи маҳдудиятҳои персоналӣ меравад, на секторӣ. Пасон кӯшиши барқарор кардани диалог бо Маскав сурат мегирад, ки аз натиҷаи он сиёсати Вашингтон вобаста хоҳад буд", - мегӯяд Виталий Макевич, президенти Шӯрои саноатии Русия ва Осиё. Ба гуфти ӯ манъи қарзи давлатӣ козир аст ва онро танҳо дар сурати гузаштан аз хати сурх, ба кор хоҳанд бурд.

Амрико ба хотири қатъи сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” шарик меҷуяд

"Маҷрои шимолӣ - 2"

Афзоиши фишор болои "Маҷрои шимолӣ - 2" эҳтимоли бештар дорад. Ҳанӯз соли 2016 Байден тарҳи энергетикии Русия барои Урупоро, созишномаи бад унвон карда буд. "Ин дар хусолаи кор вазъи Украинаро бад мекунад. Ба Урупо бошад таъминкунандагони гуногунҷабҳаи газ лозим аст", - гуфта буд ӯ ба сифати муовини президенти ИМА.

Моҳи октябр штаби интихоботии демократҳо боз ёдрас шуд, ки мавқеъи номзади онҳо дигар нашудааст: ӯ зидди интиқоли гази Русия аст ва кӯшиш мекунад "истиқлоли энергетикии Урупоро таҳким бахшад".

Вале, аз эҳтимол дур нест, ки ҳамаи ин сухани хушку холӣ аст ва дар асл раҳбари нави ИМА бо Русия савдо мекунад ва норозигиашро фаромӯш месозад. Чуноне губернатори пешени иёлоти Вирҷиния мегӯяд, Байден пинҳонӣ дар бораи ин тарҳ бо Русия мувофиқа хоҳад кард. Ва бар ивазаш ба фоидаи Вашингтон савдо хоҳад кард.

Равиши сабз ва ОПЕК

Дигар ҷониби бади президентии Байден ин - сиёсати энергетикӣ ба унвон равиши сабз мебошад. Ӯ нақша дорад барои пурра гузаштан ба истифодаи энергетикаи тозаи экологӣ то соли 2035 ду триллион доллар масраф кунад.

"Фоидабинони пирӯзии эҳтимолии Байден ширкатҳои энержии барқароршаванда ва бахши инфрасохтор мебошанд. Ширкатҳои нафту газ, дорусозӣ худро бадтар эҳсос мекунанд ва ширкатҳои бузурги технологӣ метавонанд дар минтақаи хавфи танзими зиддиинҳисорӣ қарор гиранд. Барои бозори Русия, дар ин ҳолат, эҳтимолияти таҳримоти шадид меафзояд", - мегӯянд, таҳлилгарони "Финам" дар гузориши семоҳаи чоруми 2020.

Натиҷаи пешакии созишномаи ОПЕК + чӣ гуна аст

"Хавфи аслӣ барои Русия баровардани андози карбон ба рӯзномаи ҷаҳонӣ мебошад, ки арзиши беҳтарини истеҳсоли Русия дар ҷаҳонро коҳиш медиҳад. Ин ба пулодгудозон ва металлургҳои ранга низ дахл дорад ", - гуфт Манкевич.

Ва дар охир Байден ба ОПЕК фишор хоҳад овард.

Масалан ӯ метавонад таҳримоти зидди Эрон ва Венесуэлларо бардорад ва нафти онҳо вориди бозори ҷаҳонӣ мешавад. 

"Эрон камаш дар як шабонарӯз 2 миллион баррел нафт ба бозор мебарорад. Ин метавонад тарҳи ОПЕК + - ро аз пой занад", - мегӯяд таҳлилгар Артем Звездин.

"Хатар вуҷуд дорад, ки шояд Русия аз ин тарҳ барояд ва дар ин сурат лоиҳа нобуд мешавад. Доналд Трамп буд, ки ширкати Маскавро дастгирӣ кард", - ёдовар шуд манбаъе дар суҳбат бо Reuters.

Созишнома дар бораи коҳиши истихроҷи нафт аз кор мемонад ва дар бозори ҷаҳонӣ мушкилот ба миён меоянд, ки ба даромади нафт таъсири манфӣ мерасонад. 

Вале ҳамаи ин танҳо пешгӯӣ аст. Эҳтимол дастаи Байден сари қудрат омада роҳи созандатаре пеш мегирад, чун шиорҳои баланд дар давраи маъракаи интихоботӣ хуб аст, вале дар сиёсати воқеъӣ чандон кумак намекунад.