Комилов ва Абдуллоҳ хостори густариши равобити Афғонистону Ӯзбекистон шуданд

Вазири умури хориҷаи Ӯзбекистон ва раиси Шурои олии мусолиҳи миллии Афғонистон хостори густариши равобити ду кишвар шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 ноя – Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории Форс, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шурои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон дар Тошканд бо Абдулъазиз Комилов, вазири умури хориҷаи Ӯзбекистон дидор кард.

Иҷмоъи минтақаӣ: Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба Тоҷикистон меояд

Ду тараф дар ин дидор бар зарурати густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва бозаргонии дуҷониба аз тариқи иҷрои тарҳҳои муштараки сармоягузорӣ ва зербиноӣ дар заминаҳои ҳамлу нақлӣ, лаҷестикӣ, энержӣ, бозаргонӣ ва омӯзишӣ таъкид карданд.

Барқарории сулҳи пойдор дар Афғонистон ва таъмини амнияти минтақаӣ аз дигар мавзӯъҳои мавриди баҳс дар дидори Комилов ва Абдуллоҳ буд.

Вазири умури хориҷаи Ӯзбекистон ва раиси Шурои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон дар ин дидор ҳамчунин бар аҳамият ҷазби Кобул ба прусаҳои ҳамгароӣ дар Осиёи Марказӣ барои дастёбӣ ба сулҳ ва субот дар ин кишвар таъкид кард.

Афғонистон истиқлоли Ӯзбекистонро дар 22 декабри 1991 ба расмият шинохт ва дар 13 октябри 1992 байни ду кишвар равобити депломатик барқарор шуд.