ДУШАНБЕ, 11 ноя – Sputnik. Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳурии Эрон ахиран дар бистумин иҷлоси сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, ки ба сурати маҷозӣ ва бо мизбонии Владимир Путин, раисҷумҳури Русия баргузор шуд, бо ибрози хурсандӣ аз тасмими ахири мақомоти Боку ва Ереван барои поён додан ба даргириҳои низомӣ ва шурӯи фароянди ҳаллу фасли дипломатии муноқишаи Қарабоғ ёдовар шуд.
“Эрон аз ҳар талоше барои коҳиши танишу ихтилофот ва барқарории субот, амният ва сулҳи пойдору одилона дар минтақа истиқбол мекунад”, - гуфт Руҳонӣ.
Раисҷумҳури Эрон ба ҳамкорӣ бо шарикони худ ва Созмони Ҳамкории Шанхай барои муқобилаи муассир бо терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир идома хоҳад дод.
Раисҷумҳури Эрон ба сиёсати усулии Теҳрон дар тақвияти ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҷоди эътимоду гуфтугӯ бо ҳамсоягон низ ишора карду гуфт: “Эрон ба унвони яке аз шоҳроҳҳои васлкунанда дар ғарби Осиё, қодир ба таъмини ниёзҳои зербиноии бисёре аз кишварҳои минтақа ва аъзои СҲШ аст”.
Рӯҳонӣ ҳамчунин гуфт, ифтитоҳи роҳи оҳани Хофи Эрон - Ҳироти Афғонистон ҳам дар рӯзҳои оянда ҳадяву кумаки бисёр арзишманде ба Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ барои дастрасии камҳазина ба обҳои озод ва Аврупо ва бозори Эрону кишварҳои минтақа аст.