Шодии Боку ва эътирози Ереван: вокуниши мардум ба хотимаи ҷанг - гузориши аксӣ

Sputnik

Ҳамин тавр, нимашаби рӯзи 10 ноябр ба вақти Маскав оташбаси комил эълон шуд.

Поёни ҷанг дар Қарабоғ: Русия, Озарбойҷон ва Арманистон созишнома имзо карданд

Ҷонибҳои Озарбойҷон ва Арманистон ваъда доданд, ки асирони ҳарбиро табодул мекунанд, ва ҳарбиён ҳоло дар ҷойгоҳҳои худ боқӣ мемонанд.

Дар навбати худ, сарвазири Арманистон Никол Пашинян изҳор дошт, ки созишнома дар бораи Қарабоғ барои ӯ як қарори бениҳоят душвор буд ва илова кард, ки роҳи дигаре набуд. Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев мутмаин аст, ки созишномаҳо ба ҳалли низои Қарабоғ хотима мегузоранд.

Шаш ҳавопаймои Ил-76 бо нерӯҳои посдори сулҳи Русия аллакай ба сӯи Қарабоғ парвоз карданд, онҳо баробари хуруҷи артиши Арманистон дар он ҷо хоҳанд буд.

Мӯҳлати будубоши нерӯҳои посдорони сулҳ панҷ сол бо тамдиди автоматӣ ба мӯҳлати иловагии панҷ соли дигар хоҳад буд, агар ҳеҷ кадоме аз тарафҳои созишнома дар бораи баромадан аз он қарор қабул накунанд.

 

Мардуми Боку аз чунин қарор шод шуданд, вале сокинони Ереван ибрози норозигӣ карда ба кӯчаҳо баромаданд.

Вокуниши мардум ба қарори таърихиро дар гузориши аксии Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед.

1 / 12
Роҳбарони Арманистон, Озарбойҷон ва Русия баёнияи оташбас ва хатми ҷанг дар Қарабоғи Кӯҳиро имзо карданд, ки он аз соати 00: 00-и 10 ноябр ба амал даромад.
2 / 12
Сарвазири Арманистон зимни муроҷиати видеоӣ ба мардуми кишвар.
3 / 12
Ширкаткунандагони тазоҳурот дар яке аз биноҳои парлумони Арманистон дар Ереван.
4 / 12
Шодии мардум аз хотимаи ҷанг дар Қарабоғи Кӯҳӣ. Президенти Русия Владимир Путин, сарвазири Арманистон Никол Пашинян ва президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев дар бораи хотима додани ҷанг дар Қарабоғи Кӯҳӣ ба мувофиқа расиданд. Тибқи созишномаи имзошуда, дар Қарабоғи Кӯҳӣ посдорони сулҳи Русия ҷой дода мешаванд.
5 / 12
Президенти Русия Владимир Путин, сарвазири Арманистон Никол Пашинян ва президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев дар бораи хотима додани ҷанг дар Қарабоғи Кӯҳӣ ба мувофиқа расиданд. Тибқи созишномаи имзошуда, дар Қарабоғи Кӯҳӣ посдорони сулҳи Русия ҷой дода мешаванд.
6 / 12
Ширкаткунандагони тазоҳурот дар яке аз биноҳои парлумони Арманистон дар Ереван. Шаҳрвандони кишвар аз изҳороти сарвазир дар бораи поёни ҷанг ва таслим кардани манотиқ ба Озарбойҷон норизоянд.
7 / 12
Шодии мардум аз хотимаи ҷанг дар Қарабоғи Кӯҳӣ.
8 / 12
Ширкаткунандагони тазоҳурот дар яке аз биноҳои парлумони Арманистон дар Ереван. Шаҳрвандони кишвар аз изҳороти сарвазир дар бораи поёни ҷанг ва таслим кардани манотиқ ба Озарбойҷон норизоянд.
9 / 12
Шодии мардум аз хотимаи ҷанг дар Қарабоғи Кӯҳӣ.
10 / 12
Ширкаткунандагони тазоҳурот дар яке аз биноҳои парлумони Арманистон дар Ереван.
11 / 12
Ширкаткунандагони тазоҳурот дар яке аз биноҳои парлумони Арманистон дар Ереван.
12 / 12
Шодии мардум дар кӯчаҳои Менгечивира аз поёни ҷанг дар Қарабоғи Кӯҳӣ.