Боғи фарҳанги шаҳри Турсунзода навсозӣ мегардад

Боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Турсунзода то таҷлили 30-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон навсозӣ мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 ноя – Sputnik. Дар шаҳри Турсунзода таҷдиду навсозӣ ва сохтмони иншооти гуногун идома дорад. 

Бунёди хонаи ятимон аз сӯи Ҳоҷӣ Ҷӯрабек дар шаҳри Турсунзода

Ин корҳо бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд.

Феълан Боғи фарҳангию фароғатии шаҳр яке аз иншооти ҷашнӣ маҳсуб мегардад, ки имрӯзҳо корҳои навсозии он бо сифати баланд идома доранд.

Сардори шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Турсунзода  Файзулло Раҳимов иттилоъ дода, ки навсозии боғи фарҳангию фароғатӣ тибқи лоиҳа ва бо риояи талаботи меъморию шаҳрсозӣ амалӣ шуда, сохтмончиён таҷдиди хатҳои интиқоли барқ ва қубурҳои обгузарро ба итмом расонидаанд, менависад АМИТ "Ховар".

"Корҳо дар самти бетонрезии фаввораҳо, ҷӯйборҳо, ҳамвор намудани роҳравҳо ва омодасозии сутунпояҳо барои чароғонкунии боғ дар авҷанд", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки дар шаҳри Турсунзода бахшида ба ҷашни миллӣ  сохтмони беш аз 367 иншооти дорои аҳамияти ҷамъиятиву ҷумҳуриявӣ  ба нақша гирифта шудааст.

То кунун зиёда 190 иншоот, аз ҷумла сардхонаҳо, майдонҳои варзишӣ, марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ, кошонаҳои ҳусн, коргоҳҳои истеҳсолӣ ва ҳаммомҳои замонавӣ  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.